Бо шарофати иқдомҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти фарогир ва дигаргунсози сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ идома дорад, ки он барои зиндагии арзандаи сокинон шароити мусоид фароҳам меорад. Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ва иҷрои ҳадафҳои барномавии ҲХДТ дар самти дастгирии оилаҳои ниёзманд, маъюбон, ятимону бепарасторон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тайи чанд сол аст, ки аксияи «Нури маърифат»-ро дар арафаи соли хониш баргузор менамояд. Имсол аксияи «Нури маърифат» дар миқёси шаҳри Хуҷанд низ хеле дар сатҳи баланд доир гардида истодааст. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии Себзор №7 Наим Маликисломов ба 5 нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 шаҳри Хуҷанд, ки аз оилаҳои ниёзманд ҳастанд лавозимотҳои хониш дастрас намуд, ки аз ин мо маъмурияти мактаб ва волидони хонандагон хеле рӯҳбаланд гаштем. Воқеан Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҳизби созандаву бунёдкор аст ва дар ҷомеа мавқеи мустаҳкам дорад, ҳамеша пуштибони сокинони кишвар буда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум кӯшиш ба харҷ дода истодааст ва инро мо ҳамарӯза эҳсос мекунем. Итминони комил дорем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон минбаъд ҳам дар амалисозии иқдомоти нек, ҷиҳати афзун гардонидани дастовардҳои мамлакат ва беҳдошти шароити зиндагии мардум саҳми муносиби худро мегузорад.
Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и шаҳри Хуҷанд Матлюба Мирзохонова