Ҳамасола санаи 18-уми август бахшида ба рӯзи мавлуди Абӯалӣ ибни Сино иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ баргузор мегардад. Бахшида ба ин санаи таърихӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд чорабиниҳо баргузор гашта истодаанд. Имрӯз 17 август дар чорабинии Маркази солимгардонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ мудири шӯъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов ширкат варзида, табибонро ба муносибати иди касбиашон аз номи Роҳбарияти ҲХДТ табрику муборакбод намуда, ба фаъолони ҲХДТ Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумиҷроияи шаҳриро тақдим намуд. Воқеан шифокорон шахсони хеле хушбахте ҳастанд, зеро онҳо бар замми хилъати сафед пӯшидан, соҳиби қалби пок низ ҳастанд. Дил ба даст овардан ин ҳунар аст ва соҳиби ин ҳунар низ табибон мебошанд. Сухани хуш, муомилаи нек ва дастони сеҳрноки шифокор қадами аввали табобат аст.

Табибон посбони бахти инсонанд,

Табибон роздони дардмандонанд.

Илоҳо сарбаланд бошед ҳамеша,

Наҷотбахшу давобахшу шифокор.