Субҳи 21 август мардуми сарбаланди Хуҷанди бостонӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу амният ва оромию осоиштагии кишвар дар масоҷиди ҷомеаи шаҳр намози ид хонданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба масҷиди Шайх Маслиҳатдини шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, намозгузорон ва кулли мардуми Хуҷандшаҳрро бо Иди саиди Қурбон табрику тахният гуфтанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо Иди Қурбон ҳамчун иди аҷдодӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои инсондӯстонаи дини мубини Ислом таҷлил мегардад. Зеро ин иди меҳрубониву вафодорӣ, садоқат, покию равшанӣ, таомули қурбонӣ дар айёми ҳаҷҷи акбар ба шумор рафта, аз фарҳанги щании исломӣ сарчашма мегирад ва муслиминро ба шинохти ҳуввият ва асолату покӣ ҳидоят менамояд. Бо назардошти ин, ба ифтихори иди муборак ҳамаи шумо, мардуми сарбаланду меҳнатқарини вилоятро самимона табрику таҳният гуфта, саломатию умри бардавом, хонаи обод, дастархони пурфайзу бобаракат ва оромию осоиши рӯзгорро орзу менамоям.

Раҷаббой Аҳмадзода афзуд, ки имсол таҷлили иди суннатӣ дар арафаи таҷлили ҷашни27 солагииИстиқлолиятидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ омада, бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи эълон шудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо корҳои созандагию ободонӣ бо маром идома доранд».

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар номаи табрикотии худ зикр дошт, ки фазилат ва шарофатҳои ин иди муборак барои мо аз гузаштагони некӯномамон чун пайвандгари давру замон ва мероси муқаддас боқӣ мондааст ва ин нишони ваҳдат, ягонагӣ ва меҳру садоқат ба инсонҳо мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатии кишварамон, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросимҳои суннатию динӣ ба имкониятҳои фаровон ноил гардид. Дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои накӯкориҳо дар кишвари мо мақоми мустаҳкам дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, барои мардум риояи кулли расму анъанаҳои миллиро кафолат додааст.

Ба таъкиди Маъруф Муҳаммадзода бузургтарин савоб дар рисолати ислом хайру саховат ва олиҳимматист. Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд, савоби навозиши дилшикастагон аз фазилати ҳаҷҷи акбар зиёдтар аст. Чун анъана дар рӯзҳои моҳи табаррук дастгири муҳтоҷону ниёзмандон дар сатҳи баланд қарор дошта, таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбати ятимону беморон ва бепарасторон бештар амалӣ мегардад.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд