"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

ДАСТГИРИИ ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии оилаҳои ниёзманду ятимон ва иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд доир ба баргузории аксияи «Нури маърифат» аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Себзор №7, раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Наим Маликисломов панҷ нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и шаҳр, ки аз оилаҳои ниёзманд ва ятимон мебошанд бо лавозимотҳои хониш таъмин гардиданд. Чунин иқдомро Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар шаҳри Хуҷанд давом дода, дар ҳамкорӣ бо вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани аксияи мазкур саҳми назарраси худро мегузорад.


Нравится

Машварати корӣ

Субҳи 8 август машварати назди раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гадид, ки дар он ҳамаи кормандони кумиҷроия ширкат варзиданд. Дар машварат аз ҷониби кормандон оид ба корҳои иҷрошудаи ҳафтаи сипаригашта маълумот дода шуд. Сипас, раиси кумитаи иҷроия ба кормандон барои дар амал тадбиқ намудани фармоиши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд оид ба баргузор намудани аксияи «Нури маърифат» ва иҷрои нақшаи ҳафтаи равон дастуру супориши мушаххас дод.


Нравится

Хуҷанд 25 солагии Истиқлолиятро бо 25 иншооти нав таҷлил хоҳад кард.

Ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ ,-25 солагии Истиқлоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Хуҷанд ҳамаҷониба омодагӣ мебинад. Яке аз амалҳои ободкорию созандагӣ ба ифтихори ин санаи таърихӣ ин бунёди 25 иншоотӣ ҷашнӣ иборат аз сохтмонҳои биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои савдо, боғчаю мактаб ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.


Нравится