Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аъзоёни кумиҷроия ҷиҳати табрики кормандони соҳаи тандурустӣ бахшида ба иди касбишон дар маҷлисҳои муассисаҳои тибби шаҳр иштирок намуда, табрикоти роҳбарияти ҲХДТ-ро расониданд. 17 уми август аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Ҳамро Атаева дар маҷлиси тантанавии Маркази саломатии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, табибону кормандони ин марказро ба муносибати иди касбиашон аз номи Роҳбарияти ҲХДТ табрику муборакбод намуд ва ба фаъолони ҳизб Сипоснома ва тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро тақдим намуд.