"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Санаи 6 феврали соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11-и шаҳри Хуҷанд вохурии намояндагони Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри  Хуҷанд бо волидон ва аъзоёни ҲХДТ оид  ба  риояи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва бо мақсади пешгирии қонуншиканиҳо дар байни аҳолӣ ва ҳаргуна ҳодисаҳои номатлуб баргузор гардид.

Мулоқотҳои судманд

Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мудирони шӯъбаҳои кор бо занону ҷавонони кумиҷроия ҷиҳати таблиғи арзишҳои ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, фаҳмонидани ғояҳои созандаи ҳизб, омӯзиши фаъолияти корӣ ба ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар «Таваллудхонаи вилоятӣ» ва «Экологияи вилоятӣ» ташриф оварда, ҳамчунин раванди қабул ба сафи ҳизб, омўзиши

ҶАВОНОНРО ИРОДАТМАНДӢ МЕБОЯД

Президенти мамлакат дар ҳамаи мулоқоту Паём ва баромадҳояшон иброз менамоянд, ки бояд ба ҷавонон имконияти фарох диҳем, то онҳо бо донишу малакаи хеш барои пешрафти кишварамон саҳми бештар гузоранд. Барои ҷавонони имрӯз хушбахтона, дари даҳҳо муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ,  марказҳои фарҳангиву  ҳунаромӯзӣ боз аст. Гузашта аз ин, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар беш аз 1000 майдончаву толори варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор