Президенти мамлакат дар ҳамаи мулоқоту Паём ва баромадҳояшон иброз менамоянд, ки бояд ба ҷавонон имконияти фарох диҳем, то онҳо бо донишу малакаи хеш барои пешрафти кишварамон саҳми бештар гузоранд. Барои ҷавонони имрӯз хушбахтона, дари даҳҳо муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ,  марказҳои фарҳангиву  ҳунаромӯзӣ боз аст. Гузашта аз ин, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар беш аз 1000 майдончаву толори варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар онҳо ҳазорҳо ҷавонон машқу тамрин мекунанд. Бо мақсади бештар ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш ва ошноии наздик пайдо кардан бо шароити машқу тамрин мудири шӯъбаи умумӣ ва назорати Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев ба  мактаби варзишии рақами 1 - и шаҳри Хуҷанд ташриф овард. Ӯ зимни мулоқот бо устодон ва шогирдон зикр намуд, ки  сарвари фархундасоз барои мо, ҷавонон,  ғамхориҳои зиёд изҳор менамоянд ва мо кӯшиш менамоем, ки дар ҷавоби чунин ғамхориҳои падаронаи роҳбарият дар оянда, Тоҷикистони азизу биҳиштосоро ба гулистон мубаддал намоем. Тамоми эътимод ва боварии халқу миллатро ба даст оварда, қувваю нерӯи худро барои сарсабзии Ватани маҳбубамон сарф кунем ва ворисони арзандаи мутафаккирони аҷдодони хеш гардем. Инчунин дар оянда бо ақлу иродаи қавӣ  миёни дигар давлатҳо кишварамонро ҳамчун як миллати пешрафта, мутараққӣ ва соҳибтамаддун муаррифӣ менамоем. Тавассути заковату матонати мардонагии хеш руҳияи мухолифинро шикаст дода, баҳри тараққиёт ва рушди кишвар беихтиёр тамоми нерӯ ва қуввати худро сарф менамоем, то созандаву бунёдкунандаи ин марзу буми мақаддас бошем. Баҳри ояндаи Тоҷикистони гулистон кӯшиш менамоем ва  зиндагии шоистаро барои мардуми кишвар муҳайё месозем. Дар посух варзишгарон ваъда доданд, ки бо дастовардҳои бузурги варзишӣ обрӯ ва манзалати кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ боло мебардоранд.