Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва аз рӯи нақша – чорабинии кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирӣ намудани ҷавонон аз ҳаргуна корҳои ношоям ва ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зуҳуроти бегонапарастӣ ва тақлид ба сару либоси бегона  вохӯрӣ бо донишҷӯписарони хобгоҳи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик  Б.Ғафуров баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур собиқадори ҳизб, аъзо гурӯҳи таблиғотӣ, устоди ДИС ДДТТ профессор Абдумавлон Азимов, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева, мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Заррина Раҳмон ва ду нафар намояндаҳо аз барқароркунандагони  сохти конститутсионӣ иштирок ва баромад намуда, ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии мавзӯъҳои дар боло зикргардидаро возеҳ доданд.

Мақсад аз гузаронидани вохӯриву мулоқотҳо байни ҷавонон ин ҳушдор намудани ҷавонон, эҳтиром ва саҳм гузоштан ба Ватан, дар қалби онҳо ҷой намудани меҳанпарастию ватандӯстӣ ва ба зиракиву хушёрӣ ҳадоят  намудани ҷавонон мебошад.