Санаи 6 феврали соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11-и шаҳри Хуҷанд вохурии намояндагони Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри  Хуҷанд бо волидон ва аъзоёни ҲХДТ оид  ба  риояи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва бо мақсади пешгирии қонуншиканиҳо дар байни аҳолӣ ва ҳаргуна ҳодисаҳои номатлуб баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маълумот дода, моддаҳои онро дар шакли васеъ фаҳмонида дод, инчунин  иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Сипас равоншиноси муассисаи таълимӣ баромад намуда, саҳми муҳим ва нақши босазо доштани волидон дар раванди таълиму тарбияро қайд намуд. Ҷиҳати дар оилаҳо ба вуҷуд овардани ҳисси якдигарфаҳмӣ, меҳрубонӣ, иззату эҳтироми якдигар ва умуман оиди дар рафти таълиму тарбияи фарзандашон бетараф набудан ба волидон маслиҳатҳо дода шуд.