Бо мақсади риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистӣ, нашъмандӣ, таълимоти ғайриқонуии динӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, эҳтироми ниёгони миллӣ ва фарҳанги либоспӯшӣ тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд  вохӯриҳо бо фаъолони маҳаллаҳо ва аъзои ҳизб  баргузор гардида истодааст.

Ин навбат ҳамингуна вохӯрӣ дар маҳаллаи Масчиди Саври шаҳри Хуҷанд  бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева, мудири шуъбаи занон Дилрабо Қурбонова, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо Маҳмадсалим Ҳаитов баҳри риояи Қонунҳои дар боло зикргардида ва пешгирии мавзӯъҳои мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Мақсад аз ташкил ва баргузории чунин вохӯриҳо ин эҳтроми арзишҳои миллӣ, риояи қонунҳо, бехатарӣ ва беҳбудии зиндагии шоистаи мардум ва пойдории сулҳу суботи кишвар ба ҳисоб меравад.