Ҳамдиёрони азиз!

Ба диёри файзрези мо пас аз соатҳои башумор соли нави мелодии 2017 қадам ранҷа менамояд. Мо соли пурбарори 2016- ро бо дастовардҳои меҳнатӣ ба саҳифаи таърих гусел мекунем. Соли рафта мардуми ваҳдатшиор ва садоқатманди кишварамон 25- солагии Истиқлолияти давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуда, ҳамзамон бо ҳисси баланди ватандорӣ дар Раъйпурсии умумихалқӣ ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия кишвар ширкат намуданд. Ҳамзамон хотирмонтарин лаҳзаҳои сол он буд, ки сохтмони нерӯгоҳи бузурги «Роғун» авҷи тоза гирифта, бо ҳузури мубораки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ сохтмони сарбанди ин нерӯгоҳ оғоз ёфт. Гузашта аз ин ташаббуси навбатии Сарвари давлат вобаста ба эҳтиром доштани неъмати бебаҳои табиат обро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфта, Созмони миллали муттаҳид солҳои 2018-2028 –ро даҳсолаи «Об барои рушди устувор» эълон намуд, ки ин бешубҳа ифтихори кулли тоҷикон ва тоҷикистониён маҳсуб мешавад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурнамои ҳама соҳаҳо таҳлилу баррасӣ гардида,  аз халқи шарифи кишвар даъват ба амал оварда шуд, ки бо меҳнати созандаву бунёдкорона хиште дар қасри мӯҳташами Истиқлол гузоранд.

Боиси сарфарозист, ки аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, дар ҳама соҳаҳо пешсафӣ зоҳир мекунанд. Дар ин соли таърихи шумораи ҳизбиён аз 13088 то ба 15253 расонида шуда, ин қувваи бузург баҳри тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлол равона карда шуд.   

Соли 2017 бо пешниҳоди Президенти кишвар Соли ҷавонон эълон гардида аз мо тақозо мекунад, ки ба ин қишри ҷомеа таваҷҷӯхи бештар диҳем. Итминони комил дорем, ки соли 2017 оғози корҳои муваффақона дар ҳама ҷода мегардад.

Соли нави 2017 муборак, ҳамҳизбиёни гиромӣ!