"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

«Занону духтарон ҷонибдори оила, ҷомеа ва миллати солим»

Дар толори Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба «Соли Оила» ва «Соли рушди фарҳанг» мулоқоти занони барӯманди Хуҷандшаҳр бо муҳассилини ин боргоҳи ҳунар баргузор гардид.


Нравится

Мулоқоти фаъолзанон

Санаи 26 март дар кумитаи маҳаллаи «Раззоқ»-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти фаъолзанон, аъзоёни Шӯрои занони шаҳри Хуҷанд, аъзоёни ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо занони маҳаллаи номбурда баргузор гардид.


Нравится

Аёдати иштирокчии ҶБВ

Имрӯзҳо дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз оғӯши кӯҳсорон ва водиҳои сарсабзу хуррам, аз ҳар дару девори сарзамини мо навиди ҷашни фархундаву шукӯҳманди «Наврӯз» ба гӯш мерасад. Наврӯз, мувофиқи маълумотҳои мавҷуда суннатҳои хоси худро дорад. Ниёгони мо дар рӯзгори худ аз ин суннатҳо истифода мебурданд. Покизагардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва ашёҳои зиндагӣ, оростану пиростани хонаву кошона, гулгардонию аёдати беморону пиронсолон низ аз суннатҳои наврӯзист.


Нравится