Бо мақсади тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва номзадҳои он гурӯҳи ташвиқотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби занон дар ҳамдастӣ бо шахсони боэътимоди номзадҳои пешниҳоднамудаи ҳизб дар ҳудуди маҳаллаи «Бофанда»-и шаҳри Хуҷанд бо усули хона ба хона корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуданд.

Гурӯҳи мазкур варақаҳои тарғиботӣ ва барномаҳои номзадҳои пешбаришударо ба интихобкунандагон дастрас карданд.