Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 77-умин солгарди  ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар фашизм ва моҳвораи ҷавонон аз рӯйи нақша чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар майдони ситораҳои шаҳри Хуҷанд чорабинии идона, маросими супоридани шаҳодатномаҳо ба аъзоҳои нави Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” баргузор гардид.

 Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, Раиси кумиҷроияи шаҳр Маликисломӣ Наим Мунаввар, собиқдорони ҳизб, ҷанговарони интернатсионалист, ҷавонон ва аъзоёни фаъоли ҳизб иштирок доштанд.

Сараввал ҷиҳати хотираи неки қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ меҳмонон дар назди майдони ситораҳои шаҳр гулчамбар гузоштанд.

Сипас, бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ оғоз гардид.

Чорабиниро Раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо ҷашнвораҳои миллӣ табрик кард. Мавсуф зимни суханронии  хеш  афзуд, ки омили муҳимтарини ҳастии миллат, ҳуввияти миллӣ, сарчашмаи тамоми хушбахтиҳо ва ваҳдати миллату пешрафти ҷомеа ин нерӯи муттаҳид будани насли ҷавон маҳсуб меёбад. Воқеан, ҷавонон ҳамчун пешбарандаи ояндаи миллату давлат, ҳифз ва талқинкунандаи фарҳанг, тамаддун ва арзишҳои миллию анъанавӣ дар байни имрӯзу ояндаи ҷомеа буда, идомадиҳанда ва посдорандаи арзишҳои инсонӣ мебошанд, ки бар ин васила рисолати ояндаи дурахшони ҷомеа аз шумо ҷавонон вобастагӣ дорад.

Раиси кумиҷроияи вилоят Исмоилзода Зуфар Муртазохон суханронӣ намуда, доир ба ғамхориҳаи Пешвои миллат  дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, таъсисёбии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан”, ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб, таъмини  сулҳу суботи ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳазбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ суханронӣ намуда,  ҷавононро барои пойдории сулҳу оромии кишвар ва хизмат ба он даъват кард. Ҳамзамон ӯ қайд кард, ки пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз тинҷию оромӣ вобастагии зиёд дошта, муттаҳидиву иттифоқии ҷавонон асоси он ба шумор меравад. Ҷавонон дар ҳар давру замон нерӯи бузурги ҷамъият дониста шуда, ояндасози ҷомеа ба ҳисоб рафта,  дар таърихи ҷомеа низ нақши муаассир доранд.

Ҳамчунин муовини раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода ҷавононро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрик карда, бо боварӣ ба ҷавонон муроҷиат карда, зикр дошт, ки  шумо ҷавонон “Созандагони Ватан” аз ӯҳдаи иҷрои қарзи ватандорӣ ва фарзандии худ сарбаландона мебароед, арзишҳои миллиро ҳифз мекунед, амнияту оромии Ватани азизамонро шабу рӯз ҳимоя намуда, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири рушди Тоҷикистони маҳбубамон минбаъд  саъю талош мекунед. 

Сипас аз номи ҷавонон Накҳатзода Хусрав хонандаи синфи 11-и гимназияи 24 баромад намуда, ҷавононро даъват ба амал овард, ки  Ватани хешро бо ҷону дил дӯст дорем ва барои ҳимоя ва пешрафту ободонии Тоҷикисони соҳибистиқлоламон ҳамеша омода бошем, Нагузорем, ки нохалафон ба сулҳу оромии кишвари азизамон зарар  расонанд. Шахсан ман  ваъда медиҳам, ки баъди хатми мактаб бо хоҳиши худам хизмати Ватан - модарро ода намуда, барои Ватани азизи хеш содиқонаву софдилона хизмат мекунам.

Алишер Баротов хонандаи синфи 10-уми Муассисаи ғайридавлатии “Рустамов” ба ҳамсолони худ муроҷиат  карда, афзуд, ки Ватан сарвати бебаҳост, ноёбтарину азизтарин неъмат аст, ки онро ба ҳеҷ чиз иваз карда намешавад. Ватан сарнавишту қисмати ҳар фарзанд аст, ки аз ибтидо ба бошандагонаш ба мерос гузошта мешавад. Шумо оянда муҳофизони фардои Ватан ҳастед, бояд ҳимояи Ватанро вазифаи фарзандию ҷонии худ бидонед. Ба хизмати сарбозӣ рафтан, барои ҳифзи Модар-Ватан камар бастан, бояд орзуи ҳар як ҷавонписари кишварамон бошад.

Сипас, ваъдаи тантанавии  ҷавонон қироат карда шуда, дар вазъияти идона ба 200 нафар шаҳодатномаи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” супорида шуд