Дар толори Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба «Соли Оила» ва «Соли рушди фарҳанг» мулоқоти занони барӯманди Хуҷандшаҳр бо муҳассилини ин боргоҳи ҳунар баргузор гардид. Дар ин чорабинии адабӣ-фарҳангӣ таълимгирандагони Марказ бо барномаҳои ҷолиби диққати ҷиҳати таълимию тарбиявӣ дошта баромад намуданд. Дар навбати худ занони барӯманд ба ҷавонон дар бобати устуворию пойдории оилаҳо, сабабҳои ба вуҷуд омадани якдигарнофаҳмии байни аъзоёни оила, ӯҳдадориҳои волидайн дар тарбияи фарзандон ва амсоли он суханронӣ намуданд. Ин чорабинӣ, ки дар асоси нақшаи муштараки шӯъбаҳои кор бо занону ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Маркази таълимӣ зери шиори «Занону духтарон ҷонибдори оила, ҷомеа ва миллати солим» роҳандозӣ карда шуд, хеле бошукӯҳ, дар сатҳи баланд ва хотирмон арзёбӣ шуд. Таълимгирандагон баён доштанд, ки ин мулоқот ба онҳо хеле манзуру писанд омад.
Шарҳ додан
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 4568
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 4444
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 3022
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 2999
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 2178
-
РИСОЛАТИ ҲИЗБӢ – ТАЛҚИНИ ДАСТОВАРДҲОИ МИЛЛӢ2021-01-20 15
-
ФАЪОЛИЯТ ПУРСАМАР МЕГАРДАД АГАР ...2021-01-20 16
-
Мулоқоти вакили вилоятӣ бо интихобкунандагон2021-01-19 12
-
ТАВОНОИИ МИЛЛАТ АЗ САТҲИ ДОНИШУ МАЪРИФАТ ВОБАСТА АСТ2021-01-16 14
-
РОҲНАМОӢ БАРОИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ ОБОДОНӢ2020-04-14 225
-
Хидмати халку Ватан бошад шиори мо!2018-09-28 842
-
ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ2019-06-25 361
-
Сохтмони бинои нави кӯдакистон оғоз ёфт.2015-06-03 765
-
Ниёзмандон дар мадди назар қарор доранд2017-06-22 703
Меҳмонон