Имрӯзҳо дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз оғӯши кӯҳсорон ва водиҳои сарсабзу хуррам, аз ҳар дару девори сарзамини мо навиди ҷашни фархундаву шукӯҳманди «Наврӯз» ба гӯш мерасад. Наврӯз, мувофиқи маълумотҳои мавҷуда суннатҳои хоси худро дорад. Ниёгони мо дар рӯзгори худ аз ин суннатҳо истифода мебурданд. Покизагардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва ашёҳои зиндагӣ, оростану пиростани хонаву кошона, гулгардонию аёдати беморону пиронсолон низ аз суннатҳои наврӯзист. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо риояи ин суннатҳо дар арафаи ҷашни Наврӯзи хуҷастапай аёдати собикадорону ашхосони барӯманд, иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дигар ниёзмандонро ба нақша гирифт. Ба ин хотир аз тарафи кормандони кумиҷроияи шаҳрӣ иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Воҳидов Раҳим аёдат карда шуда, ба ӯ маводҳои хӯрока дастрас карда шуд. Дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ Воҳидов Раҳими 92-сола шукри тинҷию амонии кишварро карда, миннатдории хешро ба сиёсати оқилонаи Сарвари кишвар Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои зиндагии шоистаи мардум кӯшишҳо ба харҷ медиҳад, иброз намуд.
Шарҳ додан
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 5698
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 5470
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 3936
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 3926
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 3308
-
ҲХДТ НЕРӮИ ТАВОНОИ СИЁСИИ КИШВАР2022-06-14 28
-
СУЛҲУ ВАҲДАТ ИФТИХОРИ МИЛЛАТИ СОХИБДИЛАМ.2022-06-14 32
-
Қадршиносии иштирокчиёни ҶБВ2019-05-08 727
-
ШУКРОНАИ СУЛҲУ СУБОТ НАМОЕМ2016-05-06 1207
-
Интихоби вакилон2020-08-17 475
-
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДОНИШГОҲ2018-09-03 895
Меҳмонон