Рӯзи гузашта дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар дар мавзӯи «Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари ҳаёти иҷтимоӣ ва маданӣ» баргузор гардид, ки дар он намояндагони ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони ҲХДТ иштирок намуданд.

Сараввал раиси Кумиҷроия Наим Маликисломов ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати 20-умин солгарди Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд ва доир ба мавзӯи мазкур маърӯзаи мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Равшанҷон Усанов шунида шуд. Дар охир байни иштирокчиён саволу ҷавобҳо баргузор гардид ва якчанд фаъолон фикру ақидаҳову пешниҳодҳои худро баён намуданд.