"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

«Бонувон дар сафи пеши созандагӣ»

Санаи 23-апрели соли 2015 дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд оиди баргузории иқдоми (аксияи) «Бонувон дар сафи пеши созандагӣ» зери шиори «Занону духтарон ҷонибдори оила, ҷомеа ва миллати солим» маҳфили навбатӣ бо навхонадорон таҳти унвони «Оилаам осудаву ҷамъи ҷаҳон осудааст» ташкил карда шуд.


Нравится

Қаюм Самадов 80 сола шуд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба зодрӯзи устоди донишгоҳ, профессори соҳаи математика Қаюм Самадов конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида, соҳибҷашнро ба муносибати 80-умин солгарди ҳаёташ табрику муборакбод намуд ва ба Қаюм Самадов тӯҳфаи хотиравии кумиҷроияро тақдим намуд.


Нравится

Оила-пойдевори давлат

Санаи 10 апрел ҷиҳати иҷроиши Фармони Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон шудани соли 2015 «Соли Оила» дар асоси нақша-чорабинии шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва бахши ҷавонони факултети инноватсия ва телокоммуникатсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи факултаи мазкур бо ҷавонон семинар машварат таҳти унвони «Оила-пойдевори давлат» баргузор гардид, ки дар он аз рӯи барномаи алоҳида баромадҳо карда шуд.


Нравится