Худшиносии миллӣ - сарчашмаи амнияти миллии Ватан

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз фарзандони фарзонаи миллат мебошанд, ки халқи тоҷик беш аз ҳазор сол дар таърих дурафтодаро бо хиради азалӣ, равшанзамирӣ, бо диду дидаи пок аз сари нав, ҳамчун миллати соҳибтамаддун ба арсаи сиёсати ҷахонӣ ворид карда, халкӣ дар гирдобӣобу оташ бударо, аз нобудшавӣ наҷот додаанд.

Ҳеҷ чизе арзандатар аз огаҳӣ нест, ҳеҷ ганҷе шоистатару волотар аз хирад нест, ҳеҷ аз ифтихоре ҷузъ аз хештаншиносию доноӣ нест. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭмомалӣРахмон чунин қайд намудааст: “Инсон таърихи гузаштаи худро фаро нагирад, табиист, ки аз зоти худ,роҳи тайкарда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ногаҳ монда,чун махлуқи одамсурат, вале бепарво, бемасъулият, бенишон умр ба сар мебарад”.

Дар шароити равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ халқу миллатҳои соҳибистиқлол бояд симои, аз ҷумла арзишҳои фарҳангиву ахлоқии худро ҳифз карда тавонанд. Бинобар ин миллати тоҷик, бахусус ҷавонону наврасони мо низ бояд аз решаҳои тамаддуни қадима, забону фарҳанги миллӣ ва оинҳои давлатдории халқи худ огаҳ бошанд ва вобастаба дигаргуниву таҳаввулоти ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллии тоҷикон саъю талош намоянд. Ин тақозои ҳаёт ва вазифаи ҳар як миллати огоҳу соҳибфарҳанг мебошад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гашта, моҳияти асосии ин дар он аст, ки ба ҳамаи шаҳрвандон имкон дода шудааст,ки соҳиб,нигаҳбон ва пешбарандаи сиёсати давлати хеш бошад.Рушди минбаъдаиҶумҳурии Тоҷикистон ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ,дунёи пурғановати маънавӣ,фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии милли дошта вобаста аст.

Баъди пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон соҳиби истиқлолияти миллӣ гашт, ки ин ба аввали солҳои наваддуми садаи 20 рост меояд. Истиқлолияти давлатӣ дар тақдири миллати озодихоҳи тоҷик неъмати бебаҳо ва ормони деринае буд ва воқеан расидан ба чунин тӯҳфаи бебаҳои замон барои ин мардуми озодаманиш шодиовар буд. Аммо, мутаассифона хурсандии тоҷиконро чашми ҳасадолуди душманони бадхоҳи миллат халалдор сохт ва дар ин муддат гурӯҳҳое пайдо шуданд,ки ба хотири амалӣ гардонидани манфиатҳои ғаразноки худ сарзамини Тоҷикистони тозаистиқлолро ба коми ҷангу муноқиша кашиданд.Дар натиҷа дар сарзамини кишварамон ҷанги бераҳмонае сар зад,ки дар саҳфаҳои таърихи кишварвмонбо ҳуруфҳои сиёҳ бо номҳои “ҷанги шаҳрвандӣ”, “ ҷанги бародаркуш” сабт ёфтааст. Барои миллате, ки нав ба истиқлолият барин неъмати бебаҳо муяссар гардида буд, аланга гирифтани ҷанги хонумонсӯз хеле харобиовар ва хавфнок буд. Ҳатто хатари аз байн рафтани миллати тоҷик ба миён омад.Дар ҳамин марҳалаи басо мураккабу вазнин,кивазъи давлату ҳукумат гирифторифалаҷ буд,фарзанди барӯманди миллати бебоки тоҷик Эмомалӣ Раҳмон пешвои миллат бесарусомонро ба зимма гирифта, шӯълати ҷангӣхонумонсӯзи шаҳрвандиро бо ҷидду талошҳо,андешидани чораҳои зарурӣ барои амнияти милли хомӯш кард.

Чеҳраи дурахшони сиёсатмадор ва шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро бе арзишҳои миллӣ, аз қабили истиқлолият ва ваҳдати миллӣ тасввур наметавон кард. Зеро ки камолоти шахсият ва рисолати сиёсииӯ парварда ва маҳсулиин арзишҳост. Ин абармард ба оини давлатдорӣ, меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ ва покнажодии ниёгонамон меҳру садоқати беандоза дошта ,меҳвари сиёсати хирадмандона ва ҷовидонаи хешро андар тору пуди ин ғоя сириштааст. Ӯ ҳамчун чеҳраи мондагори таърих ва фарҳанги замони муосир ба ҳифз ва бузургдошти оини давлвтдорӣ, суннатҳоти мардумӣ, ва арзишҳои умумибашарӣ пардохт.Таърихи пуршукӯҳи ориёи нажодҳоро аз фаромӯшӣ ва хатари нобудшави нигоҳ дошта, оину фарҳанги ниёгонро муваффақ гардонид.

Элмуродова С.Х.  

аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд