Мутобиқ ба дастури Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд кормандони кумиҷроия бо масъулини кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои санҷиши варақаҳои шахсии аъзоён ба роҳ монданд. Ин тадбир ба хотири муаяйн намудани ҳаракати аъзои ҳизб ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои оморӣ рўи кор омада, минбаъд низ чунин иқдом пайваста роҳандозӣ ҳоҳад шуд. Масъулини ташкилотҳо дар як вақт бо кўмаки сарпарастон аз кумиҷроияи шаҳрӣ вазъи ҳуҷчатгузориро  ба низом дароварданд. Ёдовар мешавем, ки шумораи аъзоён дар шаҳри Хуҷанд 15 744 нафар буда, онҳо дар 5 кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва 217 ташкилотҳои ибтидоӣ сарҷамъ омадаанд.