Санаи 23-апрели соли 2015 дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд оиди баргузории иқдоми (аксияи) «Бонувон дар сафи пеши созандагӣ» зери шиори «Занону духтарон ҷонибдори оила, ҷомеа ва миллати солим» маҳфили навбатӣ бо навхонадорон таҳти унвони «Оилаам осудаву ҷамъи ҷаҳон осудааст» ташкил карда шуд. Ба маҳфили мазкур ҷуз ҷавонони оила барпокунанда хусуру хушдоманҳо, аҳли оила ва наздикони арӯсшавандаҳою домодшавандаҳо низ таклиф шуда буданд. Ба ин Маҳфил пизишки амрози занона, ҳуқуқшинос, мушовири САҲШ-и шаҳр даъват карда шуданд. Сарвари хонаи ақди никоҳи шаҳр чорабиниро оғоз намуда, 4 ҷуфти барои сабти ақди никоҳашон аризадодаро муаррифӣ намуд. Мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба ҷавонон дар бораи бунёди оилаи солим, пойдории оилаҳо, омилҳои асосии мустаҳкамии оила, сири ҳаёти оилавӣ, қадри ҳамсарон, мафҳуми хушбахтона зистан аз чӣ иборат аст, андешаронӣ намуд. Таъкид намуд, ки оила солим бошад, ҷомеа солим, ҷомеа солим бошад миллат солим аст. Аз ин лиҳоз, Шумоён-ҷавонон бунёдкунандаи ҳамин ҳаёти солим бошед. Пизишки амрози занона оиди аз ташхиси тиббӣ гузаштани ҷавонон пеш аз оиладоршавӣ, тарзи ташаккули ҳаёти солим, оқибатҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ ба ҷавонон маслиҳатҳои мушаххас дод. Ҳуқуқшинос дар бораи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои зану шавҳар ва волидону фарзандон аз нигоҳи қонунҳои амалкунанда, оқибатҳои нохуши бе никоҳи давлатӣ бунёд кардани оилаҳо, муқаррар кардани падарӣ маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, ҷавононро даъват намуд, ки нисбати худ ва наздикон бетарафиро пеша нанамоянд.