Зан бо ҳама ташвишҳои зиндагӣ модари меҳрубон аст. Фарзандонро ба дунё меораду ба онҳо умри дубора мебахшад ва барои тарбияи дуруст ҳамеша талош меварзад, то ки фарзандаш инсони комил ба воя расанд. Дар зиндагӣ падар аз паи дарёфти ризқу рӯзӣ бошад, модар бештари вақти худро барои тарбияи фарзанд мегузаронад. Беҳуда дар васфи модар бисёр суханони волоро бузургон нагуфтаанд. Дар ҳақиқат модарони тоҷик арзандаи суханҳои боломаком ҳастанд. Яке аз чунин модар – модари нексиришту хоксор, қавииродаву ростқавл ва рӯзгордидаву тарбиятдиҳандаи 7 нафар фарзандон, қаҳрамонмодар гӯем ҳам хато намекунем, ҳоҷиоя Манзурахон Аҳророва мебошанд, ки ба синни мубораки 70- солагӣ расидаанд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд меҳнатҳои софдилонаи хоҷиоя Манзурахон Аҳророваро ҳамеша қадр менамояд ва бо мавлуди накӯ аз номи сокинони Хуҷандшаҳри бостонӣ ва ҷонибдорони ҳизб табрику муборакбод менамояд.
Ин зани меҳрубону хоксор бениҳоят дар ҷомеа фаъол буда, дар ҳама ҷорабиниҳо иштирок менамояд.
Бояд зикр намуд, ки Манзурахон Аҳророва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 4 – и ҷамоати деҳоти Хистеварз, ноҳияи Б. Ғафуровро бо муваффақият хатм кардааст. Пас аз хатми мактаб солҳои 1969-1970 дар комбинати консервабарории ҷамоати Қистақӯз хозира Хистеварз ба ҳайси коргар фаъолият намудааст.Сипас, соли 1971 дар Техникуми савдои шаҳри Хуҷанд курси яксолаи фурӯшандагиро хатм карда, худи ҳамон сол ба шуъбаи молшиносӣ-молҳои саноатии ҳамин Техникум дохил шуда, онро бо муваффақият ба итмом расонидааст. Аз соли 1973-1975 дар мағозаи деҳаи худ фурӯшанда шуда фаъолият бурдааст.
Аз соли 1999 то 2016 раиси занҳои Корхонаи давлатии манзилии истиқоматии соҳили рост адои вазифа намуда, яке аз аъзоҳои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, аз соли 2004 инҷониб ба ҳизб аъзо мебошад.
Алҳол аз соли 2016 то ин дам дар маҳаллаи “Дӯстии халқҳо” – и шаҳри Хуҷанд раиси шӯрои занҳои маҳалларо дар ӯҳда дорад.
Он ҷое, ки ҳоҷиоя Манзурахон Аҳророва кор кардааст, ободонӣ, меҳру муҳаббат ва якдигарфаҳмӣ дида мешавад. Ӯ ҳамчун яке занҳои фаъоли маҳаллаи худ буда, модари фарзандони боахлоҷу бомаданият, модарколони набераҳои ширин ва аҳли пайвандон буда, на танҳо оилаи худро тарбия медиҳад, балки мехоҳад, ҷомеаи солимро тарбия намояд ва бо маслиҳату суханони пандомези хеш ҳамеша занонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Бигзор сафи чунин занон дар ҷамъият кам нагардад.
Ба ҳоҷиоя Манзурахон Аҳророва дар ин рӯзҳои баҳорӣ ва чидани гулҳои мурод аз 70 –умин солгарди умрашон тамоми хушиҳои рӯзгор, пеш аз ҳама саломатии бардавом, саодатмандиву некномӣ ва дарозумриро таманно дорем.