"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

ОИЛА ОҒОЗИ ФАРДОИ МУРОД

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба соли 2015 эълон шудани «Соли Оила» ва дар сатҳи баланд доир намудани омодагиҳо ба Рӯзи оила давоми як моҳи охир якчанд чорабиниҳоро доир намуд.


Нравится

70 соли Ғалаба муборак ҳамватанони азиз

Дар асоси дастуру супоришҳои раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов бахшида ба 70-умин солгарди иди «Ғалаба» дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва кӯчаҳои шаҳр зиёда аз 1000 нафар сокинони шаҳрро аз номи роҳбарияти ҲХДТ табрик намуда, ба онҳо варақаҳои табрикотии Кумиҷроияро тақдим намуданд.


Нравится

Боздид аз осорхонаи «Бригадаи 99-уми тирандози тоҷик»,

Дар асоси нақша-чорабинии шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҳафтаи «Поси хотир» ҷавонони фаъоли ҳизб ва сарбозони қисми низомии 35-01 аз осорхонаи «Бригадаи 99-уми тирандози тоҷик», ки дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Хуҷанд воқеъ аст дидан намуда, бо корнамоиҳои далерони тоҷик шинос гардида, маълумоти бештар пайдо карданд.


Нравится