Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии «Зулфия Баҳриддинова” дар назди “Сехи адрасбофӣ” –и шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ бо аъзоёни фаъоли ҳизб оиди шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзим, анъана ва ҷашну маросимҳо” ва эмин нигоҳ доштани худ ва атрофиён аз бемории сироятии нави короновирус  баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Заррина Раҳмон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ва мудири шуъбаи занони кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Маҳлиёхон Ишанова  иштирок ва баромад намуданд.

Тарғиботчиён ҷиҳати масъалаҳои дар боло зикргардида бо кормандони ин коргоҳ суҳбати ошкоро доир намуда, онҳоро баҳри пешрафти зиндагӣ ва ободониву тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҳидоят карданд.