Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар он тамоми кормандони Сарраёсат ва омори шаҳру ноҳияҳо иштирок намуда, дар оғоз Суруди миллиро ба таври озод хонданд.

Сипас, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Ҳокимбек Накҳатзода оид ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтасар маърӯза намуд.  

Дар баромади худ номбурда зикр намуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар феҳрести ҷашну санаҳои миллии Тоҷикистон, Рӯзи Парчам ба унвони муҳимтарин бузургдошт дар таҳкими оини давлатдории миллӣ ворид гардидааст ва ин иқдоми ояндасозу ташаббуси соҳибназарона истиқбол пайдо намудааст.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар иштирок намуда, доир ба таъриху ҷоннисориҳои халқу миллат баҳри ҳифзи Парчами давлатӣ суханронӣ намуд.

Дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Маликисломӣ Наим Мунаввар ба 8 нафар кормандони ҷавони Сарраёсат ва мақомоти омори маҳаллӣ дафтарчаҳои ҳизбӣ супорида шуд