Санаи 18 августи соли 2023 бахшида ба иди касбии кормандони  соҳаи тиб дар Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов иштирок намуда, кормандони беморхонаро ба муносибати иди касбиашон табрику муборакбод намуд.

Зимни вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр кардани муттахассисони соҳибкасби соҳаро  аз ҷумлаи иқдоми зарурӣ медонад.

Бинобар ин аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар соҳаи тандурустӣ кору фаъолият менамояд бояд ҷиҳати амалӣ гардидани чунин ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон камари ҳиммат баста, барои рушди минбаъдаи соҳаи тандурустӣ саҳми назарраси худро гузоранд.

Дар охир Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолон тақдим карда шуда, дар вазъияти тантанавӣ 10 нафар шахсони арзанда ба сафи узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул карда шуданд.