Дар асоси нақша-чорабинии шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҳафтаи «Поси хотир» ҷавонони фаъоли ҳизб ва сарбозони қисми низомии 35-01 аз осорхонаи «Бригадаи 99-уми тирандози тоҷик», ки дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Хуҷанд воқеъ аст дидан намуда, бо корнамоиҳои далерони тоҷик шинос гардида, маълумоти бештар пайдо карданд. Бояд қайд кард, ки санаи 7-уми майи соли равон осорхонаи мазкур 30 сола гардида, дар он маълумотҳои зиёд аз даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва корнамоиҳои ҷанговарони тоҷик нигоҳдорӣ карда мешавад.