"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Қадршиносии кормандони соҳаи Радио

Санаи 7 май бахшида ба «Рӯзи радио» дар корхонаи воҳиди давлатии «Поҷтаи тоҷик» маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷиикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида кормандони соҳаро ба муносибати иди касбиашон табрику муборакбод намуд ва якчанд фаъолони соҳа бо тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ карда шуданд.


Нравится

Шанбегӣ дар «Гумбази қошуқ»

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҳафтаи поси хотир бо ҷалби аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва сокинони маҳаллаи Тути калон дар қабристонии «Гумбази қошуқ» таҳти роҳбарии раиси Кумиҷроия Наим Маликисломов шанбегӣ баргузор гардид.


Нравится

Аёдати иштирокчии Чанги Бузурги Ватанӣ

Дар арафаи иди «Ғалаба» Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ва раиси ташкилоти ибтидоии Идораи нақлиёти вилояти Суғд Ҳоҷарой Латипова иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сокини кӯчаи М.Рустамоваи шаҳри Хуҷанд Раҳим Воҳидовро аёдат намуда, ба ӯ маводҳои хӯрока дастрас намуданд.


Нравится