"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

ҲУШЁРИИ СИЁСӢ, ИН АСТ ПЕШРАВӢ

Дар доираи нақша-чорабинии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон оғоз ёфта, рӯзи гузашта вакилони мардумӣ Шариф Раҳимзода, Дилрабо Мансурова, Гулбаҳор Турсунова ва Абдуҳалим Ғаффоров бо коркунони соҳаи тиб мулоқот доир намуданд.


Нравится

Ҷашни истиқлоли ту бодо муборак, эй Ватан

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бахшида ба рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳри Хуҷанд зиёда аз 3000 нафар сокинони шаҳр бо иди истиқлолияти кишвар табрику муборакбод карда шуда, варақаҳои табрикотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба онҳо тақдим карда шуд.


Нравится

Ҷашни истиқлолият дар бозори Панҷшанбе

Ҳамасола дар арафаи ҷашни фархундаи соҳибистиқлолии кишвар даҳҳо иншоотҳои нав ба истифода дода мешаванд ва корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза мегиранд. Дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанди бостонӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни соҳибистиқлолии Тоҷикистонро бо меҳнати фидокорона, бунёди корхонаву муассисаҳои нав, корҳои ободонӣ истиқбол менамоянд. Дар бозори марказии «Панҷшанбе», ки яке аз марказҳои бузурги тиҷоратии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ба истиқболи ин санаи таърихӣ як қатор корҳои созанда ба анҷом расиданд.


Нравится