Дар доираи нақша-чорабинии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон оғоз ёфта, рӯзи гузашта вакилони мардумӣ Шариф Раҳимзода, Дилрабо Мансурова, Гулбаҳор Турсунова ва Абдуҳалим Ғаффоров бо коркунони соҳаи тиб мулоқот доир намуданд. Нахуст дар толори маҷлисгоҳи беморхонаи шаҳрии рақами 1 вохӯрӣ доир шуд. Сараввал, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шариф Раҳимзода дар баромадаш зикр намуд, ки новобаста аз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва вазъи ҳассоси сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилаи кишвар ба 23,4 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки ин рақам дар қиёс ба соли рафта 1,6 миллиард сомонӣ зиёд аст. Чун солҳои қаблӣ Ҳукумати кишвар мекӯшад се ҳадафи стратегии худ- расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар амал пиёда намояд. Ва ба ин муваффақ ҳам шуда истодааст. Айни ҳол таъмиру таҷдиди нерӯгоҳҳои бузурги обӣ, азнавсозии садҳо километр роҳ ва ташкили беш аз 50 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ барои иҷроиши ин ҳадафҳо равона карда шудааст. Гулбаҳор Турсунова зимни баромади худ асосан дар бораи вазъи оилаву оиладорӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, пешгирии хонадоршавии хешовандӣ, талаботи қонунҳои кишвар “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” сухан ронда, ҳамзамон таъкид намуд, ки бинобар коҳиш ёфтани таълиму тарбия ва холӣ мондани фазо барои ҷавонон боис шуд, ки тибқи ҳисоботҳои Ситоди ягонаи ҷумҳуриявии доимоамалкунанда то имрӯз 702 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар задухурдҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷи кишвар, ки аз ин шумора 20 нафарашонро занон ташкил медиҳад, ширкат варзиданд. Мебоист, ки ин нафарон бо меҳнати ҳалолу суботкоронаи хеш паи эъмори давлат ва миллатамон кӯшиш варзанд. Мутаассифона, аз ин шумор шахсони ба ҳалокат расида ҳам ҳастанд ва як умр доғ дар синаҳои пайвандон гузоштанд. Номбурда ба хотири ҳифзи амният ва суботи ҷомеа баргузории мулоқотҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ ва ташкили ҷойи кори мувофиқро роҳи наҷот аз ин амали номатлуб унвон кард. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов дар баромади худ қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ бештар бо мардум наздик шудану фаҳмидани мушкиливу муаммоҳои онҳо, ҳамзамон то ба интихобкунанда расонидани дастовардҳои даврони Истиқлол маҳсуб меёбад. Мавсуф аз фаъолияти қабулгоҳи ҷамъиятӣ, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд доир мешавад, ёдовар шуда, афзуд, ки ин тадбир барои осон намудани мушкилиҳои сокинон қадами қатъӣ буд. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, ҳамаи вакилони маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ бо мардум мунтазам мулоқот доир месозанд. Ва чорабинии имрӯза идомаи мантиқии ин тадбири роҳандозишуда мебошад. Дар фарҷом вакилон омодагии худро барои ҳамкорӣ бо интихобкунандагон иброз дошта, ҳамзамон таъкид карданд, ки шаҳрвандон бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои беҳдошти вазъи иҷтимоии хонаводаи худ кӯшиш варзанд. Чунин мулоқотҳо дар дигар коргоҳҳои шаҳр идома хоҳанд ёфт ва мо онро пайгирӣ мекунем.