Ҳамасола дар арафаи ҷашни фархундаи соҳибистиқлолии кишвар даҳҳо иншоотҳои нав ба истифода дода мешаванд ва корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза мегиранд. Дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанди бостонӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни соҳибистиқлолии Тоҷикистонро бо меҳнати фидокорона, бунёди корхонаву муассисаҳои нав, корҳои ободонӣ истиқбол менамоянд. Дар бозори марказии «Панҷшанбе», ки яке аз марказҳои бузурги тиҷоратии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ба истиқболи ин санаи таърихӣ як қатор корҳои созанда ба анҷом расиданд. Санаи 8-уми сентябр Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба бозори марказии «Панҷшанбе» ташриф оварда, дар тантанаи ифтитоҳи мағозаҳои нав ба таъмиру азнавсозии гузаргоҳи тарафи рости бозори марказии «Панҷшанбе» ширкат ва суханронӣ намуд. Раиси шаҳр ба маъмурияти бозор барои корҳои ободонию созандагӣ арзи сипос намуда ин амали онҳоро намуна ибрат ва тӯҳфаи арзанда ин иди кишвар номид. Ҳамчунин, дар ин рӯз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва соҳибкорони ин маркази савдо хатнатӯйии 18 нафар кӯдакони аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид. Раис шаҳри Хуҷанд ба кӯдакон тӯҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ тақдим намуд. Бояд тазаккур дод, ки бо дастгирии маъмурияти бозор ва соҳибкорон мағозаҳои тарафи рости бозор пурра таъмиру азнавсозӣ карда шуданд. Саҳнаи якум ва ошёнаи дуюм дар ҳаҷми 840 метри квадратӣ сафолакпӯш карда шуда, ҳамаи мағозаҳо бо дарҳои жалюзадор таъмин гардиданд. Ҳамчунин ба масофаи 350 метри квадратӣ роҳи дохили бозор асфалтпӯш карда шуд. Роҳҳои бехатарии бозор ва мағозаҳо аз сӯхтор бо ҳамаи лавозимоти сӯхторхомӯшкунӣ имкон фароҳам меовард, ки дар ҳолатҳои сар задани сӯхтор бо истифода аз роҳҳои баромад ва даромади бозор бо камтарин талафот аз ҳодисаҳои нохуш пешгирӣ карда шавад. Ҳамаи мағозаҳо ва роҳравҳо бо технологияи нави равшанидиҳандаи замонавии муосир таъмин гардиданд. Раиси шаҳр зимни суханронӣ таъкид кард, ки беш аз 100 нафар хоҳишмандон имкони соҳиби ҷойи кор шуданро пайдо намуданд. Дар ин чорабинии тантанавӣ собиқадори меҳнат Абдулатиф Ҳофизов аз номи соҳибкорону фурӯшандаҳои бозори марказии «Панҷшанбе» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои роҳандозии сиёсати ободкорона ва ғамхоронаи давлату ҳукумат арзи сипос намуд. Инчунин, дар чорабинии мазкур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд-13 Гулбаҳор Турсунова ва раиси Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзиданд. Лозим ба таъкид аст, ки доири иҷроиши супоришҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ нисбати бунёду азнавсозӣ, ва ба талаботҳои муосир ҷавобгӯ ба роҳ мондани фаъолияти бозор ва марказҳои савдо маъмурияти бозор тасмими қатъӣ гирифтанд, ки барои ба таври замонавӣ таъмиру азнавсозии бозор корҳои созандагиро ба роҳ хоҳанд монд. Оянда ба пайдо шудани имконият гузаргоҳи тарафи чапи бозор, бозори сабзавот низ пурра таъмиру азнавсозӣ хоҳанд гашт.