"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба истиқлолияти давлатӣ

Бахшида ба иди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк дар вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида ҳамаи аъзоёни ҲХДТ-ро, ки дар ташкилоти ибтидоии Амонатбонк кору фаъолият мебаранд, ба муносибати 24-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳар як фарди тоҷик азизу муқаддас ба ҳисоб меравад табрику муборакбод намуд.


Нравится

Ҷашни истиқлолият дар қисми ҳарбии 35-01

Бахшида ба солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои шаҳр ҷаласаи идона доир мегардад. Дар қими низомии 3501 ҳамоиши мутантани идона доир гардид. Дар чорабинии идонаи афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Турсунова, раиси Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ва дигар меҳмонон ширкат намуданд.


Нравится

Таҷлили рӯзи Китоб

Дар толори китобхонаи оммавии ба номи Т.Асирӣ бахшида ба «Рӯзи Китоб» маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд муовини раис Муҳаббат Ӯрунбоева ва Абдумавлон Азимов иштирок намуда, кормандони соҳаро ба муносибати рӯзи китоб табрику муборакбод намуда, якчанд аъзоёни фаъоли ҳизбро бо тӯҳфаҳои хотиравии Кумиҷроияи шаҳрӣ қадршиносӣ намуданд.


Нравится