Оғози мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Хуҷанд

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оммавӣ гардонидани соҳаи варзиш, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар байни кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишии футболи хурд шурӯъ аз 20 майи соли 2023 оғоз гардид.

Дар оғози мусобиқаи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ аз ҷониби баромадкунандагон қайд гардид, ки  варзиш - гарави саломатӣ ва саломатии миллат шарти муҳимтарини бақои имрӯзу фардои давлат мебошад. Бояд гуфт, ки ҳар чӣ қадар мо ба рушди соҳаи варзиш шароит фароҳам оварем, ҳамон қадар насли ҷавонро аз амалҳои номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, аъзо шудан ба гурӯҳҳои экстремистию ифротгаро ва ғайра наҷот мебахшем.

Сипас, бозии аввал байни дастаҳои “Муҳаммад Осимӣ” ва “Истиқлол” оѓоз гардида, мусобиқа то санаи 25 июни соли равон идома меёбад.