Саҳни факултети муҳандисӣ-технологӣ идона оро дода шуда, расмҳои кашида,  либосҳои дӯхта ва лоиҳаҳои меъмории донишҷӯён бинандаро ба худ ҷалб мекард. Хосса, либосҳои дӯхта рангҳои кабуду гулобӣ доштанду ҳар яке дар худ аз хосиятҳои зебоии об дарак медод. Нақшаҳои лоиҳавии фаввораҳо, ҳавзҳои дохилиҳавлигӣ далолат аз зебопарастии донишҷӯён медод. Расмҳои кашида зебогиҳои диёри афсонавии Тоҷикистонро дар худ таҷассум мекард.

Ба муносибати қабули қатъномаи маҷмааи умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028  ва эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон бо иқдоми кафедраи дизайн ва меъморӣ дар факултети муҳандисӣ-технологӣ намоиши корҳои эҷодии донишҷӯёни факултет  дар мавзӯи «Об манбаи ҳаёт» доир гардид. Ҳамчунин чеварону тарроҳони гулдасти факултет бо баргузории як намоиш-подиум либосҳои дӯхтаи худро ба тамошобинон пешкаш намуданд.

Чорабиниро директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла зикр дошт, ки ташаббуси навбатии башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳифзу гиромӣ доштани неъмати бебаҳои табиат обро бояд ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ амиқан дарк карда, барои қадр намудани он кӯшиш ба харҷ диҳад. Зеро ҳамаи мо хуб медонем, ки беш аз якуним миллиард сокинони сайёра аз норасогии оби нӯшокӣ  азият кашида, ҳамасола ҳазорон нафар бинобар нӯшидани обҳои ғайрисанитарӣ вафот мекунанд. Тоҷикистон кишвари обҳои мусаффост ва роҳбари давлатамон на як бору ду бор аз минбарҳои баланду бонуфузи олам омодагии давлатамонро барои дастрасии оби софу нӯшиданӣ иброз дошта буданд. Эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” масъулияти моро ҳамчун ташаббускори ин иқдом хеле зиёд мекунад. Вазифаи мо устодон ва донишҷӯён он аст, ки ба ҷомеа фаҳмонем, ки қадри об аз нефту газ болотар аст. Моро зарур аст, ки ба қадри обҳои равони кишварамон расем ва то метавонем онро ҳифзу қадр намоем. Боиси хушнудист, ки факултети муҳандисӣ-технологӣ ҳамаи иқдомҳои давлат ва ҳукуматро амалан дастгирӣ менамоянд. Устодону шогирдони факулта, махсусан кафедраи дизайн ва меъморӣ барои дар амал татбиқ шудани ҳадафҳои Рушди ҳазорсола мекӯшанд бо ҳунару истеъдоди худ саҳме дар ободии диёр гузоранд.

Воқеан ҳам ин ҷо беҳтарин донишҷӯёни тарроҳ, меъмор, рассом сарҷамъ омадаанд. Тӯли як сол мо шоҳиди чорабиниҳои гуногун аз қабили «Тоҷикистон минтақаи туризм», «Дастовези солинавӣ» гардидем.

Устодону донишҷӯёни кафедра иштирокчии фаъоли озмунҳои «Чакомаи гесу», «Тарроҳи беҳтарин», «Маликаи сол», «Фурӯғи ҷавонӣ», «Андалеб», «Гулдухтари Суғдӣ», «Маликаи наврӯзӣ» ва «Хурӯши ҷавонӣ» буда, донишҷӯи факултет Гулина Мардикова соли равон дар озмуни «Маликаи наврӯз»-ии ҷумҳуриявӣ байни 36 муассисаҳои олии кишвар ҷойи сеюмро ишғол намуд.

Зебо Ҳошимова, устоди кафедра бошад, дар озмуни шаҳрии «Гулдухтари Суғдӣ» дар номенатсияи «Бонуи ҳунар» дастболо шуд.

Маҳз самараи заҳмати устодон ва шогирдони кафедра дар якҷоягӣ бо кулли устодону донишҷӯёни донишкада буд, ки донишкада имсол ғолиби озмуни вилоятии «Хурӯши ҷавонӣ» байни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ гардид.

Дар намоиши либосҳои идона, анънавӣ, кӯдакона, миллӣ ва саҳнавӣ маҳсули дастранҷи устодони кафедра Ганҷинаи Шӯҳрат, Роҳатҷон Низомаддинова, Нодира Домуллоҷонова, Насибахон Дадобоева ва донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардонда шуд.

Ҳайати ҳакамон дар бахши тарроҳ-амсиласозон чойи якумро ба Фарангис Тӯрақулова, донишҷӯи курси 3, гурӯҳи 50.01.02 сазвор донистанд. Зинаҳои дуюму сеюмро донишҷӯёни ҳамин гурӯҳ Рухшона Ҷӯраева  ва Фарангис Сангинова соҳиб гардиданд. Дар бахши меъморон бошад, ғолибият насиби Фараҳноз Дадаҷонова, донишҷӯи курси 4, гурӯҳи 69.01.01.тб гардид. Зинаҳои баъдиро Илҳом Одинаев,   курси 4, гурӯҳи 69.01.01 ва Илҳом Кашамшанов, курси 5, гурӯҳи   69.01.01 ба даст оварданд. Дар бахши либоси беҳтарини рӯзмарра Ферӯза Маҳмудова, курси 4, гурӯҳи 50.01.02.тб, дар бахши либоси беҳтарини тантанавӣ Фирӯза Умарова, курси 4, гурӯҳи 50.01.02 та, дар бахши либоси рақсии бадахшонӣ Рӯдоба Бобоева, Хосият Ҷабборова ва Фароғат Собитова ва дар бахши либоси саҳнавии кӯлобӣ Сарвиноз Ғаниева, Фароғат Сабурова ва Фирӯза Қобилова, донишҷӯёни курси 4, гурӯҳи 50.01.02  ғолиб дониста шуданд.

Ба ҳамаи ғолибон сарвари донишкада дар вазъияти тантанавӣ Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравиро супорид.

Бо ҳамин чорабинӣ анҷом ёфт.