Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Фарҳанг ҳастии миллат  ва нақши китоб ва китобхонаҳо барои тарбияи наслҳои имрӯзу оянда хеле муҳим аст». Китобу китобхонӣ як ҷузъи фарҳанги миллати мо буда, дар ҳама давру замон дар рӯзгори маънавии мо мақоми хосса дошта, миллати фарҳангпаноҳ ва тамаддунофари мо ба китоб ҳамчун ҳамроз, мӯнис ва равшанидиҳандаи ҳаёт муносибат мекарданд. Садҳо олимону шоирон маҳз парвардаи мактаби бузурги китобу китобхонӣ буду ҳастанд.

Шоистаи зикр аст, ки китобхонаи бачагонаи вилоятӣ дар қатори дигар махзанҳои асрор дар фаъолияти начандон тӯлонии худ рисолати хешро ба хубӣ иҷро карда меояд. Аз ин даргоҳи маънавибунёд  ҳазорҳо нафар бачагон баҳраи беш гирифта дониши худро сайқалу такмил додаанд. Асарҳои безаволи Сарвари давлат ба монанди «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Забони миллат- ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор» сафи хонандагонро аз ҳисоби насли наврас зиёд намуда, онҳоро ба зиндагии ростин ҳидоят месозад.

Санаи 8 декабри соли 2016 дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд конфронси адабӣ-фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 40-солагии таъсисёбии китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ таҳти унвони «Бо китоб то қуллаҳои мақсад» баргузор гардид, ки дар кори конфронс мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мукаррама Неъматова иштирок ва баромад намуда, аз номи кумиҷроия кормандони китобхонаи вилоятии бачагонаро, ки бо меҳнати ҳалолу муоширати хуб дар муттаҳидсозии афкору андешаи насли наврас саҳми бузург мегузоранд, табрику муборакбод намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба китобхонаи мазкур 40 дона китобҳои бадеиро, ки дар асоси иқдоми пешгирифтаи ҲХДТ таҳти унвони «Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест» амал карда истодааст, тақдим намуд.