Боиси ифтихору сарфарозист, ки мо мардуми шарафманди кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарбаландона пешвоз мегирем.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни таърихӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳамҷоя бо Кумитаи маҳаллаи “Навбаҳор”-и шаҳр чорабинии бошукуҳ бо ташкили мусобиқаи варзишии бозии шоҳмот ва шашка байни калонсолон ва наврасони бошандагони маҳаллаи мазкур ва намоиши анъанаҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии идона муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов, раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, раиси кумитаҳои маҳаллаи шаҳр Муродон Раҷабов, раиси шӯрои собиқадорони кумиҷроияи шаҳр Абдуҳаким Шарипов ва фаъолони маҳалла иштирок доштанд.

Нахуст чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ин иди фархунда табрик кард. Мавсуф зимни суханронии хеш иброз дошт,ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлоли давлатӣ барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлоли кишвар барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Дар ҷараёни чорабинӣ озмуни бозии шоҳмот ҷамъбаст гардида, ба ғолибон Сипоснома ва туҳфаи хотиравии кумиҷрояи шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуданд. Ҳамчунин ба якчанд фаъолони маҳаллаи мазкур низ  Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ супорида шуд.