Рузи гузашта дар ташкилоти ибтидоии «Ориён»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир ба фаҳмондадиҳии нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он устодону толибилмони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд. Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов доир ба самтҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сухан ронд ва зикр дошт, ки Сарвари давлат дар Паёми солонаи худ қайд карданд, ки Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад. Бо мақсади иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд ислоҳот ва навсозӣ дар соҳаи маориф бомаром идома дорад. Ҳоло муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар пурра ба маблағгузории сарикасӣ гузашта, фаъолияти низоми молиявӣ дар ин муассисаҳо ба танзим дароварда шудааст. Дар охири мулоқот ба 6 нафар аъзоёни нав шаҳодатномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида шуд.