"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Конференсияи ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ба номи «Сомон»

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ба номи «Сомон» конференсия доир гардид. Ба рӯзномаи кори конференсия ду масъала- «Интихоби Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ» ва интихоби комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Сомон» дар назди кумитаи маҳаллаи «Суғдиён» ворид шуда буд. Дар кори конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов, намояндагон аз маҳаллаи «Суғдиён» ва вакилон аз нӯҳ ташкилотҳои ибтидоии назди кумитаи маҳаллаи «Суғдиён» ширкат доштанд.


Нравится

Теннисбозони навраси шаҳри Хуҷанд беҳтарин дар вилояти Суғд

Дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои оммавӣ ва варзишӣ бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Чунин як чорабинӣ дар толори варзишии «Ҷашнӣ»-и маркази вилоят аз рӯи намуди тенниси рӯи мизӣ байни кӯдакон ва наврасон баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи шавқовар 40 нафар варзишгарони наврас дар 4 даста аз шаҳрҳои Хуҷанд Истаравшан ва ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров ширкат намуданд.


Нравится

Аксияи «Нури маърифат» давом дорад

Дар доираи аксияи умумивилоятии «Нури маърифат» ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Барномаи ҳизб, дастгирии оилаҳои ниёзманд ва ба ин васила баланд бардоштани мавқеъ ва обрӯю нуфузи ҲХДТ дар байни аҳолӣ дар давоми моҳи августи соли равон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо хонандагони оилаҳои ниёзманд, ятимон ва камбизоатон вохӯриҳо доир намуда, ба онҳо лавозимотҳои хониш дастрас намуда истодааст. Аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ба хонандаи синфи 6 муассисаи таълимии миёнаи умумии №2 шаҳри Хуҷанд Неъматҷон Саидов, ки аз оилаи камбизоат мебошад, лавозимоти хониш дастрас карда шуд.


Нравится