Дар доираи аксияи умумивилоятии «Нури маърифат» ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Барномаи ҳизб, дастгирии оилаҳои ниёзманд ва ба ин васила баланд бардоштани мавқеъ ва обрӯю нуфузи ҲХДТ дар байни аҳолӣ дар давоми моҳи августи соли равон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо хонандагони оилаҳои ниёзманд, ятимон ва камбизоатон вохӯриҳо доир намуда, ба онҳо лавозимотҳои хониш дастрас намуда истодааст. Аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ба хонандаи синфи 6 муассисаи таълимии миёнаи умумии №2 шаҳри Хуҷанд Неъматҷон Саидов, ки аз оилаи камбизоат мебошад, лавозимоти хониш дастрас карда шуд.