Субҳи имрӯз гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо роҳбарии муовини аввали раиси кумиҷроияи вилоятии ҳизб Анвар Ҷалилов якчанд ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро аз санҷиш гузарониданд. Ташкилотҳои ибтидоие, ки гурӯҳи корӣ ба онҷо ташриф овард, дорои утоқи кории алоҳида буда, гӯшаҳои вобаста ба фаъолияти ҳизб овехта шудааст. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти корӣ ва бартараф намудани баъзе аз камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид дода шуд.