Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ба номи «Сомон» конференсия доир гардид. Ба рӯзномаи кори конференсия ду масъала- «Интихоби Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ» ва интихоби комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Сомон» дар назди кумитаи маҳаллаи «Суғдиён» ворид шуда буд. Дар кори конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов, намояндагон аз маҳаллаи «Суғдиён» ва вакилон аз нӯҳ ташкилотҳои ибтидоии назди кумитаи маҳаллаи «Суғдиён» ширкат доштанд. Раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, вакилонро бо фарорасии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома Наим Маликисломов баромад намуда, иброз дошт, ки азбаски шумораи аъзоёни ташкилоти ибтидоии ба номи «Сомон»-и назди маҳаллаи «Суғдиён» беш аз 1250 нафар аст, дар асоси муроҷиати худи аъзоён ва тибқи оинномаи ҳизб зарурияти ташкили кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ ба миён омад. Бо ҳамовозии кулли вакилони конфронс кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ ташкил гардида, раиси кумиҷроияи ибтидоии ҳизбӣ Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло интихоб гардид. Ҳамчунин дар конференсия аъзоёни комиссияи тафтишотии кумитаи иҷроияи ибтидоӣ интихоб шуданд. Наим Маликисломов аз ҳизбиёни кумиҷроияи мазкур даъват ба амал овард, ки дар таблиғу ташвиқи дастовардҳои даврони истиқлол, баланд бардоштани дониши сиёсии аҳли ҷомеа, мавқеи устувор доштан дар ин ё он ҳодисаи ҷамиятӣ фаъолнокӣ зоҳир намоянд. Дар охир Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло оид ба фаъолияти минбаъдаи Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ сухан ронда гуфт, ки аъзоёни кумитаи иҷроияи ибтидоии «Сомон» ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд ва барои пешбурди фаъолияти ҲХДТ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Бо ҳамин кори конференсия анҷом пазируфт.