"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

ҚАДРШИНОСИИ СОБИҚАДОРОНИ ҲИЗБ ДАР АРАФАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

Ба ифтихори 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд ҷаласаи тантанавии собиқадорон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир шуд. Дар ҷаласаи мазкур Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, номзади илмҳои филологӣ Сарфароз Юнусов, раиси шӯрои собиқадорони ҳизб, номзади илмҳои педагогӣ Абдуҳаким Шарипов, собиқадрони меҳнат, фаъолони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ширкат доштанд. Наим Маликисломов, раиси кумитаи иҷроияи шаҳрӣ аҳли нишастро бо ин санаи фархунда м

Китоби «Ҳизби ормонҳои халқ» соҳиби Ҷоиза гардид.

Санаи 26 августи соли 2016 дар толори бошукӯҳи Қасри таърихии Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилоят баргузор гардид. Машваратро бо сухани муқаддимавӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ифтитоҳ намуда, аз ҳадафи баргузории чорабинӣ, эътибори давлату ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф, дастовардҳои маорифчиёни вилоят ҳарф зада, кормандони соҳаро ба ифтихори фарорасии ҷашни мубораки миллӣ 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, барои омӯзгорон дар соли нави таҳсили 2016 2017 муваффақияту дастовардҳои нек таманно намуд. Дар машварат дар вазъияти тантанавӣ китоби «Ҳизби ормонҳои халқ», ки муаллифи он номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ӯғулой Умаралиева мебошад, соҳиби Ҷоизаи ба номи «Бобоҷон Ғафуров» гардид.


Нравится

Табрикот дар Рӯзи Дониш

Субҳи имрӯз 1 сентябр бахшида ба Рӯзи Дониш Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов бо омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии миёнаи умумии №20 ва мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Мукаррама Неъматова бо омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии умумии №18-и шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ карда, ҳамаи омӯзгорону хонандагонро аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд табрику муборакбод намуданд. Дар толори муассисаҳои таълимии зикшуда омӯзгорону хонандагон баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки мустақиман тариқи шабакаҳои телевизионӣ бахшида ба Рӯзи Дониш пахш гардид, дастаҷамъона тамошо карданд.


Нравится