Субҳи имрӯз 1 сентябр бахшида ба Рӯзи Дониш Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов бо омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии миёнаи умумии №20 ва мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Мукаррама Неъматова бо омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии умумии №18-и шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ карда, ҳамаи омӯзгорону хонандагонро аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд табрику муборакбод намуданд. Дар толори муассисаҳои таълимии зикшуда омӯзгорону хонандагон баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки мустақиман тариқи шабакаҳои телевизионӣ бахшида ба Рӯзи Дониш пахш гардид, дастаҷамъона тамошо карданд.