вохӯриии кӯча ба кӯча дар кумитаи маҳаллаи “1 – Май”-и шаҳри Хуҷанд

Инсон дар ҳаёти худ якчанд рисолати ҷавонмардиро бояд иҷро намояд ва яке аз инҳо хизмат ба Ватан аст.

Ватан ин ҳамон қаламравест, ки дар тўли ҳазорсолаҳо аҷдодони мо дар он умр ба сар бурдаанд, ин ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар ваҷаб хоки онро муқаддас шуморида, барои ҳифзаш бо ғосибони аҷнабӣ, кишваркушоёни ҳарису зарпараст ҷангида, хун рехтанд, дар роҳи ҳифзи нангу номуси хеш шаҳид шуданд ва дар он қаламрави меҳрпарвар, ки имрўз Тоҷикистон ном дорад, ба хоки абадӣ рафтаанд»,

Бо мақсади даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаи маҳаллаи «1- Май»-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Тарғиботчиён дар вохӯрӣ доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» иҷрои талаботи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвату гусели шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ суханронӣ намуданд.