Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи супоришоти Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд имрўзҳо бахшида ба фарорасии иди байналмиллалии Наврӯз ҳамаи раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони халқ ва фаъолони ҳизб аёдати собиқадорони меҳнат, шахсони яккаву танҳо, ятимону бепарасторонро ба роҳ мондаанд.

Дар доираи ин иқдом аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Меҳрдод Фурқат якчанд нафар истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Чорчароғ ва Масҷиди Саври Хуҷанд аёдат карда шуда, ба онҳо кӯмакҳои молиявӣ расонида шуд.

Дар навбати худ аёдатшудагон ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки мо ҳамеша аз ин ғамхориҳо бархурдор ҳастем.