"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

НОМАИ ТАБРИКИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР

Модарону хоҳарони азиз!

Бо иди баҳору зебогӣ тавъаманд омадани ҷашни Рӯзи модар фоли нек буда, солҳои соҳибистиқлолии кишвар таҳти роҳнамоиву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ба зан- модар пайваста меафзояд. Ба тасвиб расидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа», роҳандозӣ  шудани якчанд барномаҳо дар ин самт бешубҳа барои беҳтаргардонии вазъи ҳуқуқӣ,

Зан-модар тавлидгару мураббии инсон

Бахшида ба гиромидошти Рӯзи Модар дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чорабинии идона таҳти унвони «Зан-модар тавлидгару мураббии инсон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ директори донишкада н.и.и., дотсент Рауф Олимӣ сухан карда, бонувонро ба муносибати ин ҷашни фархунда муборакбод намуд. Намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мақсудҷон Абдуғафуров аз номи раёсати кумитаи ҳизб бонувони донишкадаро табрик

БАРГУЗОРИ ОЗМУНИ “АРӮСИ НАВРӮЗӢ» ДАР ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКӢ

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади тарбияи самарабахши донишҷӯдухтарон дар рӯҳияи худшиносиву хештаншиносӣ, одоби оиладориву рӯзгордорӣ, озмуни маърифатӣ-зеҳнии “Арӯси наврӯзӣ” байни духтарон доир гардид.

Директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода аҳли нишастро бо фарорасии баҳори некпай, таҷлили Рӯзи модар ва эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон табрику таҳният гуфта, баргузории чунин озмунро барои