Бахшида ба гиромидошти Рӯзи Модар дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чорабинии идона таҳти унвони «Зан-модар тавлидгару мураббии инсон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ директори донишкада н.и.и., дотсент Рауф Олимӣ сухан карда, бонувонро ба муносибати ин ҷашни фархунда муборакбод намуд. Намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мақсудҷон Абдуғафуров аз номи раёсати кумитаи ҳизб бонувони донишкадаро табрик гуфта, ба якчанд занони фаъоли муассиса ифтихорномаҳои кумитаро тақдим кард.

Сипас, барномаи рангини адабӣ-фарҳангии донишҷӯёни донишкада, ки аз қироати ашъор васфи зан-модар, сурудани сурудҳои дилнишин, намоиши саҳнаи адабӣ ва рақсҳои ҷолиб иборат буд, манзури ҳозирин гардонида шуд. Ҳамзамон, бахшида ба гиромидошти Рӯзи Модар ба бонувони донишкада аз номи раёсати таълимгоҳ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.