Дар ташкилоти ибтидоии "Шифокор" маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ доир гардид. Дар маҷлиси мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович иштирок дошт.

Раиси ташкилоти ибтидоии номбурда Фаррух Мақсудзода маҷлисро ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолият ва бурду бохти  ташкилоти ибтидоии “Шифокор” дар назди ҳозирин маълумот дод ва вазифаҳо дар фаъолияти босамари минбаъдаро пешниҳод кард.

Баъд аз шунидани хисобот ду нафар фаъолон ба музокира баромада, фаъолияти ташкилоти ибтидоиро каноатбахш хисобиданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов зимни баромади хеш иброз намуд, ки ташкилоти ибтидои асоси ҳизб буда, дар амали намудани ҳадафҳои созандаи ҳизб саҳми муносиб доранд. Аз ҷониби Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ таъкид ба амал оварда шуд, ки дар шароити имрӯза бояд хар як аъзои ҲХДТ зиракии сиёсиро аз даст надода, барои нигаҳдории сулҳу суббот кушиш ба харҷ диҳанд.

Дар ҷараёни маҷлис масъалаи омодагӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, интихоби ҳайати нави Раёсати  ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ мавриди барраси карор дода шуда, қарорҳои дахдор қабул гардид.

Ҳамчунин, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи 17 нафар аъзои нав супорида шуда, якчанд нафар фаъолон бо Сипоснома ва туҳфаи кумиҷроияи шаҳрӣ кадрдонӣ гардиданд.