Ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми кумиаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар кумитаи маҳаллаи «Навбаҳор» чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Парчам – рамзи давлатдорӣ» доир гардид.

Маликисломӣ Наим Мунаввар, раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб аҳли иштирокдоронро бо Рӯзи пачами давлатӣ муборакбод намуда, баён дошт, ки ҳамасола шурӯъ аз соли 2009 дар қатори ҷашнҳои миллӣ мардуми шарифи кишвар санаи 24 ноябрро чун Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Бояд қайд кард, ки   Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо,  таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Раиси шӯрои собиқадорони кумиҷроияи шаҳрӣ Абдуҳаким Шарипов дар баромади хеш парчамдориро мояи ифтихор ва саодати халқ номида, зикр сохт, ки бояд мо ба меҳнатҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузорем. Зеро маҳз ин чеҳраи мондагори таърихӣ дар фароҳам овардани сулҳу ваҳдати ҳамдилӣ барои ин давлат хизмати шоиста намуданд.

Дар чорабинӣ озмунҳои «Шоҳмотбози беҳтарин» ва «Кадбонуи беҳтарин», ки байни сокинони маҳал доир шуда буд, ҷамъбаст ва щолибон Икромов Амир, Каримов Даврон, Юсупова Ясмина аз озмуни «Шоҳмотбози беҳтарин», Шарипова Маҳфуза, Раҳмонова Сабоат, Турсунова Зайнура аз озмуни «Кадбонуи беҳтарин», ҳамчунинНеъматова Гуландом, Қодирқулова Гуландом, Камолов Убайдулло ва Шамсиев Муъмин барои ширкати фаъолона бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдиронида шуданд.

Аз ҷониби хонандагони МТМУ №21 ва 16 – и шаҳр ба аҳли ҳозирин шеърҳо дар васфи парчам, Ватан, модар қироат карда шуд.

Ҳофизони номии вилоят Умарҷон Қобилов ва Фирдавс Холназаров хотири аҳли нишастро шод намуданд.

Бо ҳамин чорабинии фарҳангӣ анҷом пазируфт.