Экстремизм аслан бо якчанд шаклҳо фаъолият карда метавонад, ки яке аз самти он роҳи идеолгӣ мебошад. Бо воситаи идеологияи устувор ва ҳаматарафа таҳлилкардаи худ гурӯҳҳо ва созмонҳои ифротӣ ба шуур ва ақоиди ҷомеа бахусус ҷавонон, ки бе таҷриба ва осебпазир мебошанд, таъсир расонида, онҳоро  ба амалҳои ифротӣ ҷалб менамоянд. Аз ҳамин лаҳзаҳо мо бояду шояд ҳушёрии худро аз даст надода рӯй ба тарафи ҷавонон гардонем ва фаҳмонида тавонем, ки ин фақат идеологияҳои экстремизму ифротгарӣ буда, нобуд сохтан ва ноором гардонидани замони тинҷии мо мебошад. Дар назари аввал пайравони ин ҳаракатҳо аз боқии мусалмонон бо ҳаракоти зоҳирие фарқият надоранд, аммо ҳаракатҳои пинҳонии нопоки онҳо тамоми мусалмонон, аз ҷумла ҷавонони Ҷуҳурии моро низ ба гумроҳи андохта истодааст. Ҷавонои мо аз бисъёр мақсадҳои нопоки онҳо бехабаранд ва гумон мекунанд, ки маблағҳо муфт ба даст меоянд, ё ба қавли онҳо дар кори ҳақ шаҳид мегарданд ва онҳо худро муборизони ислом мегӯянд, ки ин дурӯғ асту бас. Онҳо аз номи ислом истифода намуда, ба ҳоҷаҳои хориҷии худ мехоҳанд сулҳу субот ва сохти конститутсионии Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро халалдор месозанд. Ана барои ҳамин босаводии ҳамаи  ҷавонон барои барои дохил нашудан ба ин гурӯҳҳои экстремистию ифротгаро хело зарур аст. Бисёртар ҷавононе ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, бештар ба доми фиреби ин ҳизбу ҳаркатҳои нопок афтода, ба давлатҳои дигар рафта ба сарсонию мушкилиҳо гирифтор мешаванд.

Ҷавонон ки ояндасози мо мебошанд ояндаи давлати соҳибистиқлоли худро дарк карда тавонанд ва зиракии худро аз даст надиҳанд. Рисолати мо, омӯзгорон, ҳамин аст, ки шогирдонамон зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ба онҳо ба ҳар роҳу восита фаҳмонем, ки ҳадафи ин гуна гурӯҳҳо ноором сохтани ҷомеа асту бас. Барои онҳо зумрае аз ҷавонони сода ва ноогоҳро ба гурӯҳҳои хеш шомил сохтан кори осон аст. Дар зеҳни ҷавонон идеалогияи ғайри қобили қабули ворид менамоянд. Сарварони ин гурӯҳҳо ҷавонони гумроҳро бовар мекунонанд, ки амали онҳо аз рӯи талаботи дин бар манфиати он аст. Бо ин мақсад ҷавонони зудбоварро бо ваъдаҳои ба даст оврдани савоби бисёр, дар роҳи ҳақиқат шаҳид шудан, ба биҳишт рафтан ва ғайра фирефта мекунанд. Бояд шогирдони мо дарк кунанд ва донанд,  ки маҳз ҳамин гуна ашхос чеҳраи терористро ташкил мекунанд.

Мо бояд насли ҷавонро чунон тарбия намоем, ки ғурури тоҷикӣ, арзишҳои миллӣ ва нангу номусро фаромӯш накунанд. Набояд гузорем, ки онҳо ба доми фиребу найранги ҳар гуна гурӯҳҳо афтанд. Ҳушёриву зиракиро аз даст надода, фармудаи бузургонро такрор кардан талаби рӯз аст: “Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ”. Ҳамеша сазовори Давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлоли худ бошед.

 

 

 

Дадобоев Акрам

Аъзои фаъоли КИ ҲХДТ

дар шаҳри Хуҷанд